Central Asian WikiCon 2025/Стипендия

This page is a translated version of the page Central Asian WikiCon 2025/Scholarship and the translation is 100% complete.

Central Asian WikiCon 2025 дар Тошканд, Узбакистон 19-20 апрели соли 2025 баргузор мешавад ва ин стипендияҳо барои пуштибонии аъзоёни чамъият, ки шахсан иштирок кардан мехоханд, равона шудааст. Ин стипендияҳо тавассути Бунёди Викимедиа пешниҳод мешавад, ки иштироки гуногун ва фарогир дар конфронс маблағгузорӣ мекунад.

Ҷадвали замонӣ

  • Дархост барои стипендия аз: 1 декабри 2024 боз мешавад   In progress…
  • Муҳлати ниҳоии дархост : 30 декабри 2024 мебошад
  • Баҳодиҳӣ ва арзёбии мутобиқат аз ҷониби Кумитаи стипендия: 1-14 январи 2025
  • Довталабон дар бораи тасмимҳои ниҳоӣ : 20-25 январи 2025 огаҳ карда мешаванд
  • Рӯйхати ниҳоии гирандагони стипендия : то 31 январи соли 2025 эълон карда мешавад

Онҳое ки метавонанд дархост диҳанд

Ҳар саҳмгузори фаъол дар лоиҳаи Викимедиа (масалан, Википедия, Wikimedia Commons, Wikisource ва ғ.) ё ризокорони Викимедиа дар ҳама гуна сифат аз Осиёи Марказӣ (аз ҷумла Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон ва Эрон) барои гирифтани стипендия ҳақ доранд. Мо инчунин саҳмгузорони фаъоли анҷуманҳои минтақаӣ дар Wikimedia CEE Hub, Wikimedians of Turkic Languages User Group ва ESEAP Hub -ро даъват мекунем.

Фаъолият дар доираи ҳаракати Викимедиа (дар ҳама гуна иқтидор, онлайн ё офлайн) меъёри асосии арзёбӣ хоҳад буд. Иштирок дар донишҳои ройгони ғайривикимедиа, нармафзори ройгон, ташаббусҳои муштарак ё таълимӣ муфид аст, аммо талаб карда намешавад.

Стипендия

Интизор меравад, ки ба иштирокчиён тақрибан 45 стипендия дода шавад.

Стипендияҳо парвозҳои рафту бозгашт, манзил, нақлиёти маҳаллӣ, нӯшокиҳо дар давоми конфронс ва хӯрокро фаро мегиранд.

Мо хурсандем, ки агар шумо ба кӯмак дар масъалаи нигоҳубини кӯда ҳангоми конфронс эҳтиёҷ дошта бошед, кӯмак кунем. Лутфан инро дар шакли дархости худ ба мо маълум кунед.

Дархост

Барои дарёфти стипендия, шумо метавонед дархости худро бо яке аз забонҳои зерин пешниҳод кунед: дар ҳоле ки мо ба забони англисӣ бартарӣ медиҳем, шумо метавонед варақҳоро бо забонҳои қазоқӣ, қирғизӣ, русӣ, тоҷикӣ, узбакӣ ё форсӣ пур кунед. Лутфан пайванди зерро пахш кунед, ки ба забони дилхоҳатон мувофиқ аст:

Тамос бо мо

Агар шумо ягон савол дошта бошед, лутфан бо мо тавассути почтаи электронии зерин тамос гиред: CAWikiCon25 gmail com