Шӯрои парасторони Фонди Викимедиа/Қабули алоқаи баръакс: интихобот ба шӯрои парасторони соли 2022/Қабули кунунии алоқаи баръакс аз тарафи ҷамъият доир ба интихоботи шӯрои парасторон

Outdated translations are marked like this.

Қабули кунунии алоқаи баръакс аз тарафи ҷамъият доир ба интихоботи Шӯрои Парасторон

Шумо метавонед тарҷумаи ин паёмро бо дигар забонҳо дар Мета-Вики дарёфт кунед.

Шӯрои Парасторон қабули алоқаи баръаксро, ки аз 10-уми январ то 7 феврали 2022 мегузарад, омода месозад.

Новобаста аз он, ки тавзеҳоти алоқаи баръакс 1 ҳафта пеш аз қабул дақиқ мешаванд, мо тасдиқ кардем, ки ду суоли зер пурсида хоҳанд шуд:

  • Бо кадом роҳ мешавад намояндагонии ҷамъиятҳои ташаккулёфтаро баодолатона дар байни Шӯро нишон дод?
  • Кадом иштирокро номзадҳо дар тӯли интихобот бояд анҷом диҳанд?

Саволҳои иловагӣ шояд илова шаванд. Тими Стратегияи Ҳаракат ва Идора мехоҳад ба аъзоҳои ҷамъият ва ширкатҳои ҳамкор барои таҳқиқ ва тайёри идеяҳо оид ба суолҳои тайёршуда вақт то оғози қабул диҳад. Мо барои пурра набудани феҳристи суолҳо узри зиёд мепурсем. Шояд ду ё се суол илова шаванд. Мақсади мо дар он аст, ки ҷамъиятро бо дархостҳо зиёд хаста насозем, аммо огаҳӣ ва алоқаи баръаксро оид ба ин суолҳои зарурӣ пешкаш кунем.

Оё шумо мехоҳед дар дараҷаи маҳаллӣ дар давоми қабули алоқаи баръакс кӯмак кунед?

Бо тими Стратегияи Ҳаракат ва Идора дар Мета, Telegram, ё тавассути почтаи электронии msg wikimedia.org ба алоқа бароед.

Агар шумо мушкилот ё суоле доред, бо мо ба алоқа бароед. Тими Стратегияи Ҳаракат ва Идора ҳадди ақал то 3 январ дахолат хоҳад кард. Барои дер ҷавоб додан дар ин мӯҳлат узр мепурсем. Мо ҳамчунон мефаҳмем, ки баъзе аз ширкатҳои ҳамкорамон ва аъзоёни ҷамъият дар ҷашнҳои декабрӣ машғул хоҳанд буд. Таасуфи зиёд мепурсем агар ҷамъиятамон дар вақти рухсатиатон бо шумо ба алоқа баромад.

Бо эҳтиром,

Тими Стратегияи Ҳаракат ва Идора